Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ ба танзими нархи бозор идома медиҳад


Шаҳрдории Душанбе талош дорад, то аз боло рафтани нархи бозорҳо дар арафаи иди Фитр пешгирӣ кунад. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба “Азия Плюс” гуфт, танҳо рӯзи чоршанбе ба ин хотир ба бозорҳои пойтахт барои фурӯш 22,5 тонна гӯшти гов, беш аз 4 тонна гӯшти гӯсфанд, 156 000 дона тухм ва 270 тонна орд ба фурӯш бароварда шуд. Шаҳрдорӣ бо қароре аз 10 июл нархи килои гӯштро дар моҳи Рамазон 29 сомонӣ, 1 литр равғанро 8 сомонӣ, қимати тухмро 60 дирам ва нархи ҳар халтаи ордро 110 сомонӣ таъйин кардааст. Ин дар ҳолест ки нархи гӯш дар бозорҳои дигари Тоҷикистон то 35 сомонӣ ва як халтаи орд болиғ аз 140 сомонӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG