Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари Маликаи Британия бистарӣ шудааст


Маликаи Британия ва Шоҳзода Филип ҳангоми таҷлили 60-солагии ҳукми Елизаветтаи II
Маликаи Британия ва Шоҳзода Филип ҳангоми таҷлили 60-солагии ҳукми Елизаветтаи II
Шоҳзода Филип-шавҳари 91-солаи Маликаи Британия- Елизаветтаи II рӯзи чоршанбе ба яке аз шифохонаҳои ин кишвар интиқол ёфт. Дафтари Маликаи Британия дар бораи вазъи саломатии ӯ чизе нагуфтааст.
Филип моҳи июн ҳам ҳангоми таҷлили 60-солагии ҳукми Малика шамол хӯрда, панҷ рӯзро дар бемористон сипарӣ карда буд. Баъд Филип дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ дар Лондон иштирок намуда, як сафар ба ҷазираи Вайти ҷануби Англия ба анҷом расонд. Филип собиқ афсари нерӯҳои баҳрии Британия дар соли 1947 Маликаи Британияро издивоҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG