Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узвияти Сурия дар СҲИ мутаваққиф мешавад?


Димашқ баъди таркиши 15-уми август
Димашқ баъди таркиши 15-уми август
Рӯзи чоршанбе як таркиши нерӯманд пойтахти Сурияро такон дод. Ба қавли мақомот таркиш дар наздикиҳои пойгоҳи низомии артиши Сурия ва меҳмонсарои ходимони СММ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он се нафар ҷароҳат бардоштанд. Ошӯбгарони Сурия масъулияти ин таркишро бар дӯш гирифтаанд. 18-уми июл дар Димашқ дар натиҷаи таркиш дар қароргоҳи хадамоти амниятии Сурия як идда раҳбарони ин кишвар ба ҳалокат расида буданд.
Дар ҳамин ҳол иштирокчиёни нишасти ғайринавбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки ҳоло дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, тасмим гирифтаанд, узвияти Сурия дар ин созмонро мутаваққиф кунанд. Эрон шадидан мухолифи ин иқдом аст.
XS
SM
MD
LG