Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳилоли Аҳмар ба садҳо оила дар Хоруғ кӯмак кардааст"


Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.
Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.

Сар аз оғози бӯҳрони Бадахшон, Федератсияи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар ба мардуми ин минтақа беш аз 185 ҳазор франки швейтсарӣ тахсис додааст.

Ба қавли Федератсия беш аз 9700 нафар, яъне 1620 оилаи бадахшонӣ аз ин кӯмакҳо бархӯрдор шудаанд. Ин кӯмакҳоро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Бадахшон миёни мардум тақсим мекунад.

Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо "Озодӣ", ба ин пурсиш, ки кӯмакҳои мазкур чӣ гуна дар миёни мардуми бадахшонӣ тавзеа мешавад, гуфт:

Зафар Муҳаббатов: “Дар иртибот бо воқеаҳои Бадахшон мехоҳам гӯям, ки намояндаи мо - корманди ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба таври доимӣ кор мекунад ва ҳар супорише, ки аз тарафи ҳукумати Бадахшон матраҳ шуд, бар асоси Қонунҳои Ҳилоли Аҳмар ва супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон иҷро шудаанд.”

Озодӣ: Дар сомонаи Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гуфта мешавад, ки ба сокинони минтақаҳои Хлебзавод, УПД ва Бархоруғи шаҳри Хоруғ ҷои хоб, бастаи ҳигиенӣ, об ва дигар ҷиҳози ниёзи аввалия тақсим шудааст. Ҳамин кӯмакҳоро кӣ дар байни мардум тақсим мекунад?

Зафар Муҳаббатов: “Мо дар вилояти Бадахшон зиёда аз ду ҳазор волонтер (довталаб) дар ихтиёр дорем, ки дар қаламрави ин вилоят кор мекунанд. Ҳар супорише, ки шавад, намояндагони мо дар Бадахшон иҷро мекунанд. Мо бо дастгирии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба беморхонаи Хоруғ беш аз як тонна дору равон кардем."

Озодӣ: Тибқи баъзе хабарҳо дар минтақаи Шарифободи Хоруғ бемории домана ташхис шудааст. Шумо ин хабарро тасдиқ мекунед?

Зафар Муҳаббатов: “Ман ин хабарро тасдиқ намекунам. Он асосе надорад.”

Озодӣ: Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вақти низоъҳо фаъолтар мешаванд, то ҷанг ҳам ба истилоҳ тибқи қонунҳои аз нуқтаи назари байналмилалӣ эътирофшуда сурат гирад. Оё мақоми ҳамон афроде, ки дар ҷараёни амалиёт боздошт шуданд, муқаррар шудааст? Онҳо мақоми асир доранд ё маҳбуси оддӣ ҳастанд? Оё маҷрӯҳони онҳо аз кӯмаки тиббӣ баҳраманд ҳастанд ё не?

Зафар Муҳаббатов: “Дар ин бора мо иттилоъ надорем. Агар лозим шавад, ин вазифаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва он аз пайи иҷрои он хоҳад шуд, вале то ҳол касе бо ин масъала ба мо муроҷиат накардааст.”

Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар поёни сӯҳбат хотирнишон кард, ки дар соли 2010-ум Тоҷикистон қонуни фаъолияти Салиби Ҳурх ва Ҳилоли Аҳмар дар қаламрави ҷумҳуриро ба тасвиб расондааст, ки ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG