Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии Пентагон аз қатлҳои "дӯстона"


Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта аз ҳамлаҳои ахир алайҳи сарбозони Амрико ва НАТО тавассути нирӯҳои афғон ва паёматҳои он изҳори “нигаронии зиёд” кард. Панетта гуфт, “ҳадафи душманон хароб кардани эътимод байни эътилоф ва нирӯҳои афғон аст”, ки аз ҷумла бо чунин ҳамлаҳо мехоҳанд ноил шаванд. Ӯ гуфт, дар чунин ҳамалот 31 афғон даст доштанд, ки ин мунъакискунандаи тамоми нирӯҳои амниятии Афғонистон нест. Танҳо дар соли ҷорӣ аз тири сарбозони афғон 28 сарбози НАТО ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG