Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии сангин дар Долайнии Покистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар даргирӣ дар мавзеъи Долайнии ноҳияи қабиланишини Оракзай 3 сарбоз ва дастикам 23 ҷангӣ кушта шудаанд. Ин набард дар пайи аз ин минтақа рондани чирикиҳо ва нуқтаҳои муҳими кӯҳиро дар ин минтақаи шимолуғарбии ҳаммарз бо Афғонистон ба даст овардани артиши Покистон рух додааст. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 10 сарбози дигар дар ин рӯёрӯӣ ҷароҳат бардоштаанд. Оракзай яке аз пойгоҳҳои умдаи ҷангиёни марбут ба Толибон ва Ал-Қоида барои таҳияи ҳамалот дар Покистону Афғонистон ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG