Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта гуфт, Пентагон пешниҳоди таъсиси минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар Сурияро ҷиддӣ намегирад. Ин шарҳи Панетта дар ҳолест, ки гузоришҳо ҳокии афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии артиши Сурия алайҳи чирикиҳост. Панетта гуфт, тамаркузи ӯ рӯи тазмини амнияти амборҳои силоҳҳои кимиёиву биологии Сурия аст. Панетта ҳамчунин Эронро ба нақш доштан дар низоъи Сурия, аз ҷумла ба тамрин додани шибҳанизомиҳое айбдор кард, ки дар канори нирӯҳои Башор Асад меҷанганд. Сарвазири собиқи Сурия Риёз Ҳиҷоб, ки дар авоили моҳ тарки режим кард, дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Асад танҳо сеяки қаламрави Сурияро таҳти назорат дорад ва режимаш дар ҳоли фурӯпошист.