Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тиллои сафед" баъди соли 2015 ҳам ба хориҷа меравад?


Татбиқи тарҳи давлати Тоҷикистон оид ба "Коркарди пурраи нахи пахта дар Тоҷикистон то соли 2015" зери суол рафтааст.

Мувофиқи ин барномаи ҳукуматӣ дар назар буд, то соли 2015-ум тамоми пахтае, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, дар дохили кишвар коркард ва ҳамчун маҳсулоти ниҳоӣ ба хориҷа содир шавад. Аммо то поёни мӯҳлати иҷрои ин барнома каме бештар аз ду сол боқӣ мондааст, аммо дарсади пахтае, ки дар дохили кишвар коркард мешавад, ҳамоно ночиз боқӣ мондааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, яке аз ниҳодҳои масъул дар иҷрои ин тарҳ дар як мусоҳибаи катбӣ ба радиои Озодӣ роҷеъ ба ҷараёни ин барнома чунин иттилоъ дод: "Алҳол коркарди маҳсулот нисбат ба истеҳсоли маҳсулот хеле кам аст".

Дар мактуби ҷавобии ин вазорат омадааст, ки то ҳол барои иҷрои ин тарҳ панҷ корхонаи коркарди пахта бунёд шуда, бархеашон қисман ба кор даромаданд. Ҳаҷми умумии пахтае, ки дар онҳо ба мол табдил меёбад, ночиз аст. Бино бар омор, ҳамоно бахши бузурги пахтаи Тоҷикистон ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содир мешавад. Оҷонси омор мегӯяд, Тоҷикистон соли 2011-ум дар кишвар 103 ҳазору 465 тонна пахта истеҳсол шуда, танҳо 2146 тоннаи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ коркарду шудаасту халос, ки бештар аз ду дарсади ҳаҷми умумии пахтаи истеҳсолшуда мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, 3,8 дарсади пахта дар дохили кишвар коркард шудаасту халос.

Коршиносон сабабҳои зери суол рафтани ин тарҳи давлати Тоҷикистонро ба мусоид набудани шароити сармоягузорӣ, душвор будани ташкили бизнес, бисёр будани шумораи иҷозатномаҳо ва инчунин дур будани Тоҷикистон аз хатҳои бузурги интиқоли молу коло пайванд медиҳанд. Аммо худи ширкатҳои нассоҷии кишвар аз гарон будани нархи пахтаи хом барои истеҳсолкунандаи ватанӣ шикоят доранд.

Бахтиёр Файзуллоев, корманди ширкати коркарди нахи пахта дар ноҳияи Мастчоҳ "Олим текстайлз", мегӯяд, ҳарчанд ҳаҷми истеҳсоли пахта дар кишвар бештар мешавад, аммо нархи он дар дохили кишвар арзон намешавад ва аз нархҳои мавҷудаи ҷаҳонӣ асосан кишварҳои содиркунанда фоида мебинанд:

"Қаблан хоҷагиҳои пахтакор манфиатдор буданд, ки бори худашонро ба корхонаҳои дохили кишвар фурӯшанд. Чунки он замон харҷи ҳамлу нақли пахта барои содир кардани пахта беҳтар буду барои истеҳсолкунандаи ватанӣ камтар. Аммо ҳоло ин харҷҳо барои ба хориҷа содир кардани пахта кам карда шудаанд. Ба замми ин, ба содиркунандагони пахта тахфиф (скидка)-и тиҷории панҷдарсада вуҷуд дорад, ки ширкатҳоли дохилии истеҳсолкунанда аз ин ҳақ маҳруманд".


Ҷаноби Файзуллоев афзуд, мушкили асосии истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ин девонсолорӣ (бюрократия) аст. Ӯ ба унвони мисол гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон панҷ сол қабл ширкатҳои нассоҷии кишварро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда буд. Аммо номгӯи маҳсулоте, ки аз ин пардохтҳо озод шудаанд, аз ҷониби се ниҳоди давлатӣ тасдиқ нашудааст. Бинобар ин, ширкатҳои насоҷҷӣ ҳангоми ворид кардани таҷҳизоту дигар масолеҳ аз хориҷ ба мушкилот дучор мешаванд.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Дар ҳамин ҳол, ду сол қабл "Ҷамъияти истеҳсолии нассоҷии тоҷик"-и шаҳри Душанбе бо мактуб ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, хоста буд, ки содироти пахтаро ба хориҷа маҳдуд созад, то истеҳсолкунандагони ватанӣ имкони бо нархи нисбатан арзон харидорӣ кардани пахтаро пайдо кунад.

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, дар сӯҳбат бо мо дар ин маврид гуфт, коркарди ниҳоии пахта ва алюминий -- ду ашёи хоми умдаи Тоҷикистон дар дохили кишвар хеле муҳим аст. "Марҳилае расидааст, ки ҳукумат бояд аз мақомоти масъули иҷроиши ин тарҳ пурсад, ки чаро ин тарҳ ба пуррагӣ иҷро нашудааст. Вақти аз об бардоштани ғалбер фаро расидааст ва он мақомҳое, ки дар ҳама сатҳҳо ин барномаи ҳукуматро иҷро накардаанд, муҷозот карда шаванд", - афзуд ӯ.

Дар қатори барномаи коркарди пахта барномаи аз алюминий истеҳсол кардани маҳсулоти ниҳоӣ дар Тоҷикистон қабул шуда буд ва мӯҳлати иҷрои он ҳам то соли 2015-ум муқаррар шудааст. Ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод ва савдо мувофиқи нақша соли гузашта дар Тоҷикистон мебоист 18,100 ҳазор тонна алюминий ба маҳсулот табдил дода мешуд. Аммо ба ҷои ин ҳамагӣ 10 ҳазор тонна алюминий коркард шудааст, ки 45 дарсади нақша мебошад.

Талошҳои мо барои ба даст овардани иттилоъ дар мавриди миқдори истеҳсоли алюминий ва фисади коркарди он дар дохили кишвар бар ҳадар рафт. Як манбаъ дар Оҷонси омор бидуни зикри номаш гуфт, ки ҳамаи рақамҳои марбут ба алюминий дар Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дошта мешаванд. Пахта ва алюминий дар ҳама ҳуҷҷатҳои расмии Тоҷикистон маводи хоми стратегии содиротии кишвар ва манбаи асосии даромади буҷаи Тоҷикистон номида мешаванд. Аммо коршиносон мегӯянд буҷаи Тоҷикистон аз алюминий даромади зиёд намегирад ва ҳоло аз алюминий дида ширкатҳои мухобиротӣ ба буҷа молиёти бештар меоранд.
XS
SM
MD
LG