Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул хабари мулоқот бо фармондеҳи толибонро рад кард


Мулло Абдулғанӣ Бародар
Мулло Абдулғанӣ Бародар
Мақомоти Афғонистон изҳор намуданд, ки як постгоҳи полис дар марз бо Покистон аз сӯи кишвари ҳамсоя ҳадафи тирборон аз тӯпхона ва мусалсал қарор гирифт. Афғонҳо оташи ҷавобӣ кушоданд. Тирандозӣ дар вилояти Кунар беш аз ду соат идома дошт. Ба қаламрави Афғонистон беш аз 50 мушак андохта шуд.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.

Моҳҳои ахир вазъ дар марзи миёни Афғонистону Покистон ноором шуд. Мақомоти Кобул мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии Покистон чандин бор қаламарви Афғонистонро тирборон кардаанд.

Имрӯз сафорати Афғонистон дар Исломобод хабари мулоқоти намояндагони ҳукумати Кобул бо фармондеҳи дар Покистон боздоштшудаи “Толибон” Мулло Абдулғанӣ Бародар ба хотири баррасии дурнамои музокироти сулҳро рад кард.

Аз ин пештар як манбаи наздик ба хонаводаи Бародар ба хабаргузории Франс-пресс гуфт, ки ҳайати афғонро ба маҳбас барои мулоқот бо фармондеҳи аршади “Толибон” роҳ надоданд, аммо пайвандонаш номаи Кобул дар бораи мусолиҳаро ба Мулло Абдулғанӣ Бародар расониданд.
XS
SM
MD
LG