Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риёз Ҳиҷоб режими Асадро "душмани Худо" номид


Риёз Ҳиҷоб, собиқ нахуствазири Сурия, ки ҳафтаи гузашта ба Урдун фирор кард, рӯзи сешанбе гуфт, режими Башор Асад танҳо 30 дар сади кишварро таҳти назорат дорад. Ӯ, ки баъди фирор барои нахустин бор дар маҳзари ом падидор шуд, режими Асадро “душмани худо” эълон кард. Ба гуфтаи Риёз Ҳиҷоб, режим аз ҷиҳати маънавӣ, молӣ ва низомӣ суқут кардааст. Ӯ аз мақомоти дигари ин кишвар даъват кард, ки бо шӯришгарон ҳамроҳ шаванд.

Дар ҳамин ҳол раҳбари бахши кумакҳои башарии Созмони Милали Муттаҳид Валерие Амос бо ҳадафи баррасии вазъи вахими башарии шаҳрвандоне, ки бинобар даргириҳо бемакон шудаанд, вориди Димишқ гардид. Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки дастикам 150 ҳазор суриягӣ ба кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд. Бо ин ҳол Ботаина Шаъбон, фиристодаи махсуси Асад, рӯзи сешанбе вориди Чин шуд. Чин ва Русия аз кишварҳоеянд, ки аз қабули таҳримҳои шадид алайҳи Сурия ҷилавгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG