Як ҳизби узви эътилофи ҳокими Қирғизистон сарвазир Омурбек Бобановро айбдор кард, ки дар ивази ироаи қарордодҳои давлатӣ як аспро ҳамчун ришва гирифтааст. Ҳизби Ота-Макон гуфт, ки аз пайи изҳори нобоварӣ ба Бобанов дар парлумон хоҳад шуд. Ба гуфтаи раҳбарони ҳизб, як ширкат дар ивази қарордоди сохтмонӣ дар фурудгоҳи Манас бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ аспе овардааст, ки арзишаш аз 500 000 то 1,5 миллион доллар баровард мешавад. Раҳбари Ота-Макон Омурбек Текебоев ба оғози таҳқиқот алайҳи сарвазир даъват кард. Дафтари Бобанов бо нашри як баёния гуфт, ки ӯ ин аспро бо пули худаш харидааст ва нархаш ҳам хеле камтар аз он маблағест, ки Ота-Макон мегӯяд.
Моҷарои аспи Бобанов сиёсӣ мешавад
