Чирикиҳои Сурия мегӯянд, халабони ҳавопаймои ҷангии суқуткардаро асир гирифтаанд. Чирикиҳо навореро нашр карданд, ки саҳнаи асорати халабони мавсум ба Муфид Муҳаммад Сулаймон аз сӯи 3 силоҳбадастро намоиш медод. Ин мард аз нирӯҳои давлатӣ даъват мекунад, ки тарки режими Башор Асад кунанд. Таъйиди воқеъияти навори нашршуда дар телевизиони Ал-Арабия амри муҳол аст, вале дирӯз матбуоти давлатии Сурия гуфт, як ҳавопаймо зимни парвози муқаррарии тамринӣ дар вилояти Дайруззор ба маҳзи мушкилоти фаннӣ суқут кардааст.