Дар Тоҷикистон ба ҷашни имсолаи “Иди асалу харбуза-2012” омодагӣ мегиранд. “Азия Плюс” хабар дод, ки ахиран ҷаласаи ситоди ҷашн дар вазорати кишоварзӣ доир шудааст. Қарор аст, “Иди асалу харбуза-2012” рӯзи 2 сентябр дар ҳамаи 4 ноҳияи Душанбе доир шавад. Ин ид ҳамин тавр дар шаҳру навоҳии дигари кишвар низ бо ташкили ярмаркаву бозорҳои фурӯши асалу харбуза ва дигар фаровардаҳои кишоварзиву чорводорӣ таҷлил хоҳад шуд.