Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои исломӣ вазъи Сурияро баҳс мекунанд


Имрӯз, 14 август дар Макка нишасти изтирории дурӯзаи Конфаронси давлатҳои исломӣ дар мавзӯъи Сурия оғоз хоҳад ёфт. Парлумони Туркия низ имрӯз дар Анкара масоили Сурия ва Ироқро баҳс хоҳад кард. Имрӯз дар Боку вазирони иқтисоди кишварҳои туркзабон ҷамъ мешаванд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз бо як сафари дурӯза ба Беларус хоҳад рафт. Имрӯз дар Бағдод додгоҳи ноиби фироркардаи раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ ва дар Харков мурофиаи сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенкоро аз сар хоҳанд гирифт. Имрӯз Покистон солгарди 65-уми истиқлолаш аз Бритониёро таҷлил мекунад. Ва 20 сол пеш, 14 августи соли 1992, ҷанги Гурҷистону Абхозистон оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG