Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои ҷангии Сурия суқут кард


Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, ки як ҳавопаймои ҷангии ҳукумат рӯзи душанбе суқут кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамон соатҳо шӯришиёни мухолифи режими Башор Асад эълон карданд, ки дар ҳамон минтақа як ҳавопаймои ҷангиро суқут додаанд.

Шабакаи давлатии телевизиони Сурия гуфтааст, ки ин ҳавопаймо дар ҷараёни “тамринҳои маъмулӣ” ба сабабҳои фаннӣ ба мусибат дучор шудааст.

SANA-хабаргузории расмии Сурия мегӯяд, ки халабон аз ҳавопаймо берун ҷаҳидааст ва ҷон ба саломат бурдааст. Ҷустуҷӯи вай идома дорад.

Фаъолони Сурия навореро ба намоиш гузоштаанд, ки як ҳавопаймои навъи MiG-и сохти Шӯравии пешин оташ гирифтааст ва дар ҳоли сарнагунист.
XS
SM
MD
LG