Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагӣ ба сӯхтори мағозаи "Ҳоҷиён" идома дорад


Мағозаҳои мавсум ба «Ҳоҷиён» дар шафати бозори марказии ноҳияи Ваҳдат дар биступанҷ километрии шарқи шаҳри Душанбе субҳи имрӯз ба коми оташ рафтааст.
Шаҳодат-яке аз фурӯшандаҳои ин мағозаҳо гуфт, оташсӯзӣ дар панҷ фурӯшгоҳи шафати бозор ҳангоми саҳархӯрӣ, тахминан соатҳои чаҳори бомдод рух додааст. Ин манбаъ афзуд, ки мағозаҳои яклухтфурӯшӣ ба як нафар тааллуқ доранд, вале онҳо ин дӯконҳоро ба иҷора гирифтаанд.

Дар ин мағозаҳо либос ва маводи ғизоиву асбоби рӯзгор, аз ҷумла яхдону бодбезҳои барқӣ (кондисионер)-ҳо ба савдо гузошта шуда буданд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, сабаби зуд оташ гирифтани мағозаҳо мавҷудияти ҳамин яхдон ва кондисионерҳо будааст, ки дар таркиби худ равғани махсус доранд.

Талафоти ворида ҳисоб ва ба сабабҳои сӯхтор расидагӣ анҷом мегирад.
XS
SM
MD
LG