Рӯзи душанбе матбуоти Туркманистон хабар дод, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар дар фармоне имзо гузоштааст, ки тибқи он 1327 нафар, аз ҷумла 44 шаҳрванди хориҷӣ мавриди афв қарор мегиранд. Ин афв ба поёни моҳи мубораки Рамазон, яъне иди Фитр ихтисос дода шудааст.
Анъанаи афви зиндониён дар рӯзи Иди Фитр дар Ттуркманистон аз замони Сафармурод Ниёзов-раиси ҷумҳури пешин дар соли 1999 оғоз шуда буд ва ҳоло онро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов идома медиҳад.
Анъанаи афви зиндониён дар рӯзи Иди Фитр дар Ттуркманистон аз замони Сафармурод Ниёзов-раиси ҷумҳури пешин дар соли 1999 оғоз шуда буд ва ҳоло онро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов идома медиҳад.