Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имдодрасонӣ ба зилзилазадагони Эрон идома дорад


Кормандони наҷот дар маҳали зилзила
Кормандони наҷот дар маҳали зилзила
Баъд аз ду зилзилаи шадид дар шимоли ғарби Эрон дар ин минтақа амалиёти наҷот идома дорад. Тибқи гузоришҳо, ин зилзила бештар аз 300 нафар қурбонӣ дар пай доштааст. Рӯзи душанбе мақомоти расмӣ эълон карданд, ки дар ин зилзила 306 нафар ҷон додаанд.

Марзия Воҳид Дастҷердӣ-вазири беҳдошти Эрон дар Маҷлис ё порламони ин кишвар гуфт, 3037 нафар ҷароҳат бапрдоштаанд. Яке аз сокинон аз Аҳар аз минтақаи зилзила ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Кӯшишҳои имдодрасонӣ хуб аст ва тақсими маводи ғизоӣ нисбат ба тақсими хаймаву пату ва маводи дигар беҳтар аст. Мушкил дар роҳи Аҳару Табрез ва роҳҳои дигар пеш омадааст. Одамон берун аз шаҳрҳо рӯи пату дар болои замин ва ҳавои боз мехобанд”.

Ин зилзила рӯзи шанбе дар наздикии Табрез рух дод ва ва пас аз он даҳҳо пасларзаи дигар эҳсос шуд. Дар ин минтақа ду рӯз мотам эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG