То 1 сентябри соли равон ҳама шӯъбаҳои тандурустии шаҳру навоҳии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тағйирот бар асоси пешниҳоди ҳукуматҳои маҳалҳо ва бо фармони раисиҷумҳур аз 11 июл сурат мегирад: Ӯ афзуд, ки "ба хотири иҷрои супориши ҳукумати Тоҷикистон, ки бояд 15 дарсади хизматчиёни давлатӣ дар кишвар кам карда шаванд, дар ноҳияҳо ба хулоса расиданд, ки шӯъбаҳои тандурустиро барҳам зананд. Ин шӯъбаҳо як сол пеш ташкил шуда буданд".
Ба иттилои расмӣ, шӯъбаҳои тандурустии шаҳру навоҳӣ бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои тандурустӣ бо ҳукумати марказӣ ва амалӣ кардани барномаҳои мухталиф барои беҳбуди соҳаи тандурустӣ дар кишвар пиёда шуда буданд. Дар шаҳрҳо 5 ва дар навоҳӣ се нафарӣ ба ин шӯъбаҳо ба кор гирифта шуданд.
Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз мақомоти масъули ҳукуматӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, шӯъбаҳои тандурустӣ амалан ба як «ангушти зиёдатӣ» табдил ёфтанд ва натавонистанд ин интизориро, ки масалан, ба шӯъбаи маориф ҳамвазн шаванд, бароварда кунанд. Баръакс, афзуд ӯ, онҳо фақат сафи маошхӯронро афзуданд.