Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили донишҷӯи тоҷик дар Миср дастгир шудааст


Бинои маъмурии Донишгоҳи Ал-Азҳар.
Бинои маъмурии Донишгоҳи Ал-Азҳар.

Пулиси Миср нафари муттаҳам дар куштори як донишҷӯи тоҷик дар ин кишварро дастгир кардааст.

Нуриддин, як донишҷӯи тоҷик дар Миср ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои мисрӣ аз боздошти Карим Рамазон Азузи 21 - сола, як ҷавони бекори мисрӣ бо иттиҳоми куштори донишҷӯи тоҷик аз сӯи пулис хабар додаанд. Вай афзуд, як ҳафта пеш дар маҳаллаи Насри шаҳри Қоҳира Амриддин Норакови 28 – сола, донишҷӯи факултаи шиариати донишгоҳи Ал-Азҳар, ба ҳалокат расида буд.

Бино ба хабари расонаҳои Миср, мухолифати ҷонибҳо вақте сар зад, ки ҳангоми баромадан аз варзишгоҳ гумонбар мехоҳад аз дасти Амриддин телефони дастиашро кашида гирад, аммо ба мухолифати ахирӣ мувоҷеҳ мешавад ва миёнашон занозанӣ сурат мегирад.

Дар натиҷа Карим Рамазон бо қайчӣ ба сари сина, бағал, китф ва гардани Амриддин мезанад ва ахирӣ ба ҳалокат мерасад. Расонаҳои мисрӣ аз Муҷтабо Аброр Акобиров ҳамроҳи Амриддин Нораков низ ёдовар шудаанд, ки аз ҷои ҳодиса дур будааст. Телефони рабудашуда аз бозори телефонфурӯшӣ ва бо раҳнамоии худи гумонбар пайдо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ, як донишҷӯи тоҷик дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ки Амриддин ва рафиқаш савори мототсикл барои обхарӣ дар назди мағозае дар маҳаллаи Насри Қоҳира таваққуф мекунанд. Амриддин барои об вориди мағоза мешавад ва ҳангоми беруноӣ як ҷавони мисрӣ аз ӯ талаб мекунад, ки телефони дастиашро бидиҳад, аммо Амриддин талаби ӯро иҷро намекунад ва қотил ба тани ӯ се корд зада, фирор мекунад.

Ба қавли ӯ, пулис дар ҳама бозорҳои телефонфурӯшӣ эълон мегузорад, ки ҳар касе телефонро пайдо кунад, хабар диҳад. Қотил флеш-картаи телефони Амриддинро гирифта, онро ба нафаре фурӯхтанӣ мешавад, аммо харидор талаб мекунад, ки флеш картаашро низ диҳад. Қотил флеш-картаро ҳам медиҳад ва харидор дар флеш-карта аксҳои Амриддинро дида, зуд ба полис хабар медиҳад.
Расонаҳои мисрӣ менависанд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG