Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба таҳияи як сериали тоҷикӣ кумак мекунад


Амрико таҳияи як сериали иборат аз 10 бахшро дар Тоҷикистон таъмини молӣ хоҳад кард. Сафорати Амрико гуфт, ин филм дар зарфи 14 моҳ рӯи навор омада, қиссаи вакили мудофеъест, ки дар як минтақаи рустоии Тоҷикистон ба сар мебарад ва аз ҳаққи мардуми камбизоат дифоъ мекунад. Ҳадаф аз ин тарҳ боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум унвон мешавад. Амрико аз кумакрасонҳои умдаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз соли 1992 ба ин сӯ ба ин кишвар ба маблағи 984 миллион доллар ёрӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG