Қаҳрамони таэквондои Афғонистон Рӯҳуллоҳ Некпо дар Бозиҳои олимпии Лондон соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Ин нахустин нишони олимпии Афғонистон дар ин бозиҳост. Некпои 25-сола дар бозии ниҳоӣ дар вазни то 68 кило бар Мартин Стампер аз Бритониё ғолиб омад. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, пирӯзии худро пирӯзии тамоми Афғонистон медонад. Рӯҳуллоҳ Некпо дар Олимпиадаи 4 сол пеши Пекин соҳиби аввалин нишони олимпии Афғонистон шуд ва дар кишвараш ба масобаи як қаҳрамони миллӣ тавсиф мешавад.
Аввалин нишони олимпии Афғонистон дар Лондон
