Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар қароргоҳи ҲНИТ дар Ваҳдат


Қароргоҳи бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 30 километрии пойтахт тақрибан соати дуи шаби гузашта аз тарафи афроди ношинос ба оташ кашида шудааст. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизб рӯзи ҷумъа ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки вай аз ҷойи ҳодиса дидан кардааст ва ба назари ӯ ашхоси ношинос бо пош додани бензин ба тирезаҳои берунӣ, қароргоҳро ба оташ кашидаанд. Аммо тавре Муҳамадалии Ҳайит мегӯяд, оташ танҳо тирезаҳои плоситикии қароргоҳро осеб расонида ва дохили бино нашудааст. Ҳоло гурӯҳи тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ваҳдат ҳодисаи мазкурро мавриди бозҷуӣ қарор додаанд. Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ гуфт, ки аз мақомоти умури дохила тақозо кардаанд, ки ин масъала ба таври ҷиддӣ таҳқиқ карда шавад. Аммо то кунун ангеза ва ҳадафи ба оташ кашидани қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Ваҳдат рӯшан нест. Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл дар моҳи октябри соли 2010, маркази фарҳангии занони ҳизб, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе қарор дошт ва занони фаъоли ҳизб дар ин марказ намоз мехонданд, ба коми оташ рафта буд ва бинои он пурра нобуд шуда буд.
XS
SM
MD
LG