Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мақориф раҳбари Либия интихоб шуд


Ҷаласаи Маҷмаи милии Либия
Ҷаласаи Маҷмаи милии Либия
Рӯзи панҷшанбе дар аввалин рӯзи интиқоли қудрат аз дасти Шӯрои гузариши миллӣ Маҷмаи нави миллии Либия собиқ пешвои мухолифин Муҳаммад Мақорифро президенти ин кишвар интихоб кард. Мақориф исломгарои муътадил буда, сарварии конгресси иборат аз 200 аъзоро бар дӯш хоҳад гирифт. Маҷмаи миллӣ ҳамчунон сарвазири ин кишварро интихоб мекунад. Ин ниҳоди қонунгузор қабули қонунҳо ва омодасозии шароити интихоботи парламентии Либияро дар соли ояндаро ҳам бар дӯш хоҳад гирифт. Мақориф, ки раҳбари ҳизби Ҷабҳаи миллӣ мебошад, ба ҳайси раҳбари муваққати Либияи амал хоҳад кард, вале чорчӯби салоҳиятҳои ӯ то кунун ташхис нашудааст. Дар интихоби президент ду нафар ширкат доштанд. Мақориф ва номзади мустақил Зидон. Баъди интихобот, ки бо пуштибонии 113 овоз ба тарафдорӣ аз Мақориф ва 85 овоз ба тарафдорӣ аз Зидон ба анҷом расид, Зидон Мақорифро табрик кард.
XS
SM
MD
LG