Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тотористон бо исломи "ворида" мубориза мекунад


Рустам Миннихонов-раиси ҷумҳури Тотористон ҳафтаи ҷорӣ дар қонуне имзо гузошт, ки бар асоси он акнун мақомоти интизомиву амниятӣ ҳақ доранд, аз фаъолияти ҷараёнҳои ташвишовари исломи тундрав дар ин ҷумҳурии мухтор пешгирӣ кунанд.

Акнун бар асоси ин қонун шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд дар қаламрави Тотористон гурӯҳҳо ё созмонҳои мазҳабӣ ташкил кунанд ва имом ё имомхатибоне, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, мавриди тафтиш ё пурсиши мақомот қарор хоҳанд гирифт.

Чунин маҳдудиятҳо дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки ду ҳафта пеш дар ду инфиҷор муфтии Тотористон ҷароҳат бардошт ва яке аз ҳамкорони наздики вай ба қатл расид.
XS
SM
MD
LG