Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни боздиди серӯзаи ҳайати низомиёни Русия аз Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ин ҳайатро ба сарпарастии Анатолий Антонов-муовини вазири дифои Русия дар Душанбе ба ҳузур пазируфт ва дар ин мулоқот шарту шароити идомаи ҳузури пойгоҳи 201 низомии Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ба ин мулоқот рӯзноманигорон даъват нашуданд ва он паси дарҳои баста баргузор шуд. Дар остонаи мулоқоти мазкур ҳайати Русия бо нахуствазир Оқил Оқилов ва Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дидор доштанд.