Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи музокироти низомиёни Русия ҳанӯз рӯшан нест


Музокироти ҳайати низомиёни ҳукумати Русия бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва бахусус бар сари тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201 ин кишвар дар Тоҷикистон паси дарҳои баста ва бидуни ироаи кадом маълумот ҷараён дорад.

Аммо як манбаи наздик дар дуввумин рӯзи ин музокирот гуфт, қарор аст дар қадами аввал ҷонибҳо масъалаи пардохти пули иҷораи пойгоҳи 201-ро баррасӣ намоянд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ масъалаи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи Русия баъди ҳаллу фасли маҳз ҳамин масъала ва мувофақа бар сари он шомили мавзуоти гуфтугӯи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.

Ин манбаъ роҷеъ ба рақами мушаххаси ҳаҷми пули иҷораи пойгоҳ нахост маълумот бидиҳад. Вай танҳо афзуд, ки пешниҳоди ҷонибҳо бар сари ҳаҷм ва миқдори маблағи иҷораи пойгоҳ аз ҳам тафовут дорад.
XS
SM
MD
LG