Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиён дар ғиёбаш 6 сол маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи Гурҷистон Мелик Раисиён-яке аз раҳбарони “Орзу”-эътилофи сиёсии мухолифони ин кишварро рӯзи панҷшанбе дар ғиёбаш 6 сол маҳкум ба зиндон кард.

Бозрасон мегӯянд, вай соли 2007 хостааст аз як марди маҳаллӣ дар ҷануби Ахалкалакӣ 24 ҳазор доллар ришва гирад ва дар иваз вайро аз пардохти молиёт дар канор нигоҳ дорад.

Ҳоло маҳали иқомати Раисиён маълум нест ва додгоҳ ба ҷуз аз 6 соли зиндон ҳамчунин ҳукме содир кардааст, ки бар асоси он вай бояд 6 ҳазор доллари дигар ҷарима пардозад.
XS
SM
MD
LG