НАТО мегӯяд, як сарбози Афғонистон ба қатл расонида шуд, чун вай талош дошт рӯзи панҷшанбе дар вилояти Лағмон гурӯҳи нируҳои байналмиллалиро тирборон кунад.
Сухангӯи нируҳои НАТО гуфт, ин ҳодиса дар назди “Дафтари ҳамоҳангсоз”-и нируҳои Афғонистон ва нируҳои байналмиллалӣ дар Лағмон рух додааст. Ҳаген Мессер-сарҳанги олмонӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса касе аз нируҳои НАТО кушта нашудааст.
Мессер аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кард.