Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар баҳсҳои дипломатӣ аз Шветсия ҳимоят мекунад


Амрико мегӯяд, барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Беларус аз Шветсия ҳимоят хоҳад кард. Ин изҳороти Амрико баъд аз он садо медиҳад, ки дар паи як баҳс Минск намояндагии Шветсияро баст ва ҳамаи дипломатҳои ин кишварро аз Беларус хориҷ кард.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки аз ин пешомад “амиқан нигарон” аст ва он танҳо сабаби дар муҳосираи бештар қарор гирифтани Беларус мешавад.

Як моҳ пеш Беларус ҳамаи дипломатҳои худро аз Стокҳолм фаро хонд ва сабаб ин буд, ки як ҳавопаймои хурди Шветсия вориди ҳарими ҳавоии Беларус шуд ва садҳо лухтаки хирсро ба маҳаллоти аҳолинишини Беларус партофт. Дар ин лухтакҳо паёмҳое ба ҷонибдорӣ аз демократия навишта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG