Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Иди Фитрро 19-уми август таҷлил мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи иди Рамазон ё Фитрро 19-уми август муқаррар кардааст.

Масъулони Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, бар пояи ҳисобу китоб аз оғози моҳи Рамазон рӯзи ид ба 19-уми август рост меояд.

Аммо ин манобеъ гуфтанд, ҷаласаи ниҳоӣ барои таъйини таърихи Иди Рамазон ва намози он рӯзҳои наздик баргузор мешавад ва дар сурати пеш омадани кадом тағйирот тавассути васоити ахбори омма ҷомеаи кишвар огоҳонида мешаванд.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа бо ширкати имомхатибҳо дар оғози ин моҳи барои мусалмонони кишвар муборак масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кард. Бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар ё худ ба 16 ҳазору 878 сомонӣ баробар бошад, метавонад 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳанд.

Вале ҳаҷми фитри рӯза барои ҳар сокин дар ҳаҷми се сомонӣ муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG