Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба амнияти Тоҷикистон кӣ ва чӣ таҳдид мекунад?


Яке аз назардиҳандагон
Яке аз назардиҳандагон

Ифротгароён, коррупсия, Толибон... Аксар ҳамсӯҳбатони мо ин ҳамаро таҳдид ба амнияти Тоҷикистон унвон карданд.

Яке аз назардиҳандагон ба ин қатор "бетафовутии шаҳрвандон"-ро низ шомил кард. Ӯ гуфт, “гумон мекунам, ба амнияти кишвари мо дар баробари омилҳои хориҷӣ омилҳои дохилӣ, аз ҷумла бепарвофалакии шаҳврандони кишвар бештар таҳдид мекунад. Омили дигар ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои ба мо наздик - Афғонистону Покистон ва гурӯҳи Толибон аст.”

Ба дунболи ин, як сокини пойтахт мегӯяд, ҳарчанд омилҳои хориҷӣ бештар ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунанд, аммо дар ҳоли ҳозир дар дохил пуштибонӣ намеёбанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, мардум баъди пушти сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ки харобиҳои зиёде дар пай дошт, дар фикри зиндагии осоиштаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархеи дигар дар муқоиса ба кишварҳое назири Афғонистону Ироқ Тоҷикистонро яке аз ҷумҳуриҳои амнтари дунё меҳисобанд. Ин қабил ҳамсӯҳбатони баъзе аз даргириҳо дар манотиқи кишвар, аз ҷумла ахиран дар Бадахшонро "боздошти гурӯҳи ҷинояткорон" медонанд, на бештар аз он.

Бархеи дигар дар ин сӯҳбати сарироҳӣ гоҳ аз "душманони халқ" ном мебурданду гоҳе аз "оппозитсия". Аммо ҳозир намешуданд, ин фикрҳои худро шарҳи бештаре диҳанд. Аммо, ба назари Шумо хонандаи азиз, ба амнияти Тоҷикистон бештар кӣ ва ё чӣ таҳдид мекунад? Назари худро бо мо дар миён гузоред.

Ба амнияти Тоҷикистон кӣ ва чӣ таҳдид мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG