Рӯзи чоршанбе президенти Украина Виктор Янукович дар як санаде имзо гузошта, ба забони русӣ дар ин ҷумҳурии собиқ шӯравӣ мақоми баландтаре қоил шуд. Санади мазкур истифодаи забони русиро тавсеа мебахшад, вале дар он чизе дар бораи истифодаи забони украинӣ ба чашм намехӯрад. Дар Украина бисёриҳо бар ин назаранд, ки қонуни тавсеаи истифодаи забони русӣ бо мақсади дарёфти имтиёз аз Русия таҳия шуда, истиқлоли Украинаро заиф мегардонад.