Дар Тотористон чор узви як равияи исломӣ бо зулм дар нисбати кӯдакон муттаҳам мешаванд. Ба ақидаи мақомот ин афрод, ки зери раҳбарии Файзраҳмон Сатторов пири 83-солаи ин равия қарор доштаанд, беш аз даҳ сол кӯдаконро дар зери замин нигаҳ доштаанд. Полис ҳангоми таҳқиқи ҳамла болои раҳбарони мусулмонони Тотористон дар таърихи якуми август дар канори шаҳри қазон хонаи Сатторовро тафтиш намуда, дар ҳашт қабати зери хонаи ӯ 27 кӯдак ва 38 шахси калонсолро пайдо намуд. Баъзе аз ин кӯдакон дар зери замин ба дунё омада, ҳеҷ гоҳ рӯзи рӯшанро надидаанд. Сомонаи русии Islam News навиштааст, ки дар солҳои шастуми қарни гузашта Сатторов шарораи тролейбусро ваҳйи илоҳӣ шумурда, худро пайғамбар эълон карда буд. Пайравони Сатторов қонунҳои Русия ва мақомоти динии Тотористонро эътироф намекунанд.
Зулм дар нисбати кӯдакон дар Тотористон
