Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарон аз Камерун ғайб заданд


Кумитаи байнулмиллии олимпӣ тайид кард, ки дар Бозиҳои олимпии Лондон ҳафт варзишгар аз Камерун ғайб задаанд.

Раиси ҳайати Камерун дар Бозиҳои олимпӣ Давид Оҷонг ба раҳбарияти Кумита хабар дод, ки панҷ муштзан, як шиновар ва як футболбози дастаи мунтахабаи занона "деҳаи олимпи"-ро тарк намудаанд.Сабабҳои ғайб задани онҳо маълум нест.

Варзишгарони ғайбзада барои то моҳи ноябр дар Британия мондан раводид доранд.
XS
SM
MD
LG