Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи эълони ҳукми овозхонҳои Pussy Riot дақиқ шуд


Додгоҳи Хамовникии Маскав хабар дод, ки ҳукми аъзои гурӯҳи Pussy Riot – Мария Алёхина, Надежда Толоконникова ва Екатерина Самутсевичро рӯзи 17 август эълон хоҳад кард. Ин овозхонҳо дар маъбади Масеҳи Наҷотбахш дар Маскав “муноҷоти панкҳо”-ро доир намуданд, ки дар он аз Марями муқаддас талаби аз Русия рондани Владимир Путинро карданд. Муҳофизакорони калисои ортодокси Русия аъзои гурӯҳро дар тавҳини мазҳаб айбдор карданд.

Додситон хостори барои се сол маҳкум ба зиндон кардани ҳарсе овозхон шудааст. .Ва аммо вакили дифои овозхонҳо мегӯяд, ки онҳо бегуноҳанд ва бояд озод карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол ҳарчӣ бештар ситораҳои ҳунар ва сиёсатмадорон аз Pussy Riot ҳимоят мекунанд. Ахиран рассому овозхон Йоко Оно дар як нома унвонии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин навишт, ки “набояд бо аҳли мусиқиву дӯстони онҳо мубориза бурд. Ҳуҷраҳои маҳбасро барои ҷинояткорони ҷиддӣ бояд нигаҳ дошт”.

Овозхони амрикоӣ Паттӣ Смит ҳам дар консерташ дар Стокҳолм хостори раҳоии аъзои гурӯҳи Pussy Riot шуд.

Дар Маскав дигар овозхони маъруф Мадонна бо нишони ҳамраъйӣ бо Pussy Riot бо ниқоби сиёҳи ҳамсон бо ниқобҳои духтарони ин гурӯҳ ба саҳна баромад. Ӯ ҳамчунин дар пушташ номи Pussy Riot-ро сабт карда буд ва онро ба тамошобинон нишон дод.

Ҳамчунин 120 вакили парлумони Олмон хостории раҳоии аъзои гурӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG