Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона ба бинои Шӯрои идории вилояти Кунар


Имрӯз ду маргталаб ба бинои Шӯрои идории вилояти Кунар, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ҳамла карданд. Бар пояи иттилои муқаддамотӣ, дар ин ҳамла як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти Кунар мегӯянд, маргталабҳо чанд маводи таркандаро дар бино, ки он ҷо нишасти аъзои шӯро идома дошт, мунфаҷир карданд. Дар бораи осеб дидан ё надидани мансабдорон иттилое зери даст нест.

Имрӯз ҳамчунин ҳайати фармондеҳии НАТО дар бораи дар Кунар мавриди ҳамла қарор гирифтани гурӯҳи низомиёнаш хабар дод. Аммо дар ин бора тафсилот дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG