Субҳи чоршанбе силоҳбадастон болои як посгоҳи амниятии Миср дар нимҷазираи Сино оташ кушоданд. Се рӯз пеш дар як посгоҳи дигари наздикиҳои марзи Миср бо Исроил 16 сарбози мисрӣ ба қатл расида буданд. Хабаргузориҳои Миср иттилоъ медиҳанд, ки тирпарронӣ дар давоми шаб идома дошт. Дар бораи талафот маълумоте пахш нашудааст. Гуфта мешавад, ки ҳамла дар роҳи асосӣ миёни шаҳрҳои Ал-Ариш ва Рафоҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ гуфтааст, ки масъулони ҳамлаи рӯзи якшанбе ҷавоби амалашонро хоҳанд дод. Ӯ ваъда додааст, ки назорати комили нимҷазираи Синоро барқарор мекунад. Шоми сешанбе дар як сӯҳбати телефонӣ котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ба сарвазири Миср Ҳишом Қандил гуфтааст, ки ИМА аз кӯшишҳои ҳукумати Миср баҳри таҳкими амният пуштибонӣ мекунад.
Боз як ҳамла болои посгоҳи мисрӣ дар Сино
