Шахси муттаҳам бо куштори шаш нафар ва захмӣ намудани вакили Конгресси ИМА дар як ҷамъомади сиёсӣ дар аёлати Аризонаи ИМА гуноҳашро эътироф кард. Рӯзи сешанбе эътирофи Ҷаред Лӣ Лафнер баъди паёми додраси ин қазия эълон шуд. Додрас Ларрӣ Бурнс қабл аз қабули эътирофи Лафнер гуфт, ки муттаҳам баъди табобати ҷунуни ҷонӣ ё худ шизофрения кори кардаашро дарк намудааст. Бо ин эълони Лафнер ҳукми эъдоми ӯ бо ҳабси ҳаётӣ иваз мешавад.
Вакили мардумӣ аз ҳизби демократ хонум Габриэла Гиффордс, ки ҳадафи асосии ҳамлаи Лафнер будааст, то ҳанӯз аз захмҳои моҳи январи соли 2011-ум бардоштааш табобат мегирад. Ӯ аз мақоми вакили мардумӣ низ даст кашид.