Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду беларус дар робита бо партоби хирсакҳо


Эътирози хирсакҳо дар назди бинои сафорати Беларус дар Прага
Эътирози хирсакҳо дар назди бинои сафорати Беларус дар Прага
КГБ-и Беларус рӯзи сешанбе иброз дошт, ки ду шаҳрванди ин кишвар дар иртибот бо партоби хирсакҳои махмалин дар ҳарими ҳавоии ин кишвар муттаҳам эълон шудаанд. 4-уми июл бо ҳадафи ташвиқи озодиҳои демократӣ дар Беларус як ҳавопаймои шведӣ ба фазои Беларус ворид шуда, садҳо хирсаки махмалинро ҳаво дод. Блогнавис Антон Суряпин ва соҳибкор Сергей Башаримов бо доштани нақш дар вуруди ғайриқонунӣ ба ҳарими ҳавоии Беларус муттаҳам мешаванд. Суряпин баъди ҷой додани аксҳои хирсакҳо дар интернет боздошт шуд. Башаримов бо он муттаҳам мешавад, ки ба ширкати Студио Тотали шведӣ, ки амалиёти партоби хирсаҳоро ташкил кард, дар Беларус хона ба иҷора гирифтааст. Баъди партоби хирсакҳо президенти Беларус Александр Лукашенко фармондеҳи мудофиаи зиддиҳавоӣ ва раиси хадамоти марзбони ин кишварро аз мансабҳояшон барканор намуд. Бар илова Беларус сафири Шветсия дар Минскро аз ин кишвар берун кард.
XS
SM
MD
LG