Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад баъди ду ҳафта дар телевизион зоҳир шуд


Асад ва Ҷалилӣ
Асад ва Ҷалилӣ
Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад имрӯз барои бори аввал дар 2 ҳафтаи охир дар телевизион зоҳир шуд. Телевизиони давлатӣ Асадро зимни мулоқот бо фиристодаи хоси Эрон Саид Ҷалилӣ намоиш дод. Асад ба ин мушовири раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, нирӯҳои Сурия “кишварро аз террористҳо пок хоҳанд кард.” Ҷалилӣ гуфт, ки Теҳрон ҳимояташ аз Асад ва давлати ӯро идома хоҳад дод. Асад бори охир рӯзи 22 июл, ҳангоми ба ҳузур пазируфтани фармондеҳи нави артиш генерал Алӣ Айюб дар телевизион зоҳир шуда буд.
XS
SM
MD
LG