Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саргузаштҳо"-и Микола Мелниченко дар Итолиё


Микола Мелниченко
Микола Мелниченко
Додгоҳи Итолиё ҳукмаш дар мавриди истирдоди раҳбари собиқи муҳофизони раёсатҷумҳурии Украинаро дар 10 рӯзи оянда эълон хоҳад кард. Микола Мелниченко рӯзи 3 август дар Неапол бо дастури Интерпол дастгир шуд. Ӯ аз Амрико меомад. Гумон меравад, ки Мелниченко дар байни солҳои 1998 -2000 сӯҳбатҳо дар дафтари кори раисиҷумҳури вақти Украина Леонид Кучмаро сабт мекард ва ин наворҳоро соли 2000 нашр кард, ки ба сиёсати дохиливу хориҷии Украина таъсири ҷиддӣ гузошт. Фарзияи даст доштани Кучма дар қатли журналист Ҳеорҳий Гонгадзе низ аз ҳамин наворҳо ошкор шуд.
XS
SM
MD
LG