«Азия Плюс» хабар дод, ки ахиран аз вилояти Кемеровои Русия ҷанозаи ду мардикори тоҷикро ба Душанбе фиристодаанд. Ба гуфтаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Нурулло Ҳайдарови 38-сола аз ноҳияи Ҳисор рӯзи 3 август дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохт. Абдусаттор Каримови 54 сола аз ноҳияи Рӯдакӣ баъди бемории тӯлонӣ дар як бемористони Кемерово даргузаштааст.