Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Standard Chartered” иттиҳомотро радд мекунад


Як бонки мустақар дар Лондон, ки ба нақзи таҳримоти Амрико дар мавриди муомилоти молӣ бо Эрон айбдор мешуд, ин иттиҳомро радд карда гуфт, барио ҳамкорӣ бо танзимгарони амрикоӣ омода ҳаст. “Standard Chartered Bank” дар изҳороташ гуфт, дар моҳи январи соли 2010 довталабона тамоми асноди марбут ба табодули пул бо Эрон аз соли 2001 то 2007-ро дар ихтиёри ниҳодҳои Амрико гузошта буд. Ба гуфтаи бонк, ин аснод ҳокист, ки “тақрибан ба куллӣ” тибқи муқаррароти Амрико ҷиҳати пешгирӣ аз таъмини молии барномаи ҳастаии Эрон ва гурӯҳҳои террористӣ амал кардааст. Дирӯз сарнозири хадамоти молии аёлати Ню-Йорк “Standard Chartered Bank”-ро дар кумак ба давлати Эрон барои шустушӯи 250 миллиард доллар ва “осебпазир кардани низоми молии Амрико барои террористҳо” айбдор кард. Бонк ин иттиҳомро ҳайратовар хондааст.
XS
SM
MD
LG