Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риёз Ҳиҷоб бо мухолифин пайвастанашро тайид кард


Риёз Ҳиҷоб
Риёз Ҳиҷоб
Нахуствазири Сурия Риёз Ҳиҷоб тайид кард, ки ба ҷониби мухолифини ҳукумат гузаштааст. Дар изҳороти имрӯз нашркардааш ӯ режими Башор Асадро “террористӣ” номида, афзудааст, ки аз ин рӯз худро “сарбози инқилоби муқаддас” мехонад.

Як намояндаи “Артиши озодихоҳи Сурия” хабар дод, ки ҳамроҳ бо нахуствазири пешин ҳамчунин се вазир бо мухолифини ҳукумат пайвастаанд.

Имрӯз мақомоти Сурия эълом доштанд, ки Риёз Ҳиҷоб ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш ба Урдун фирор кардааст. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки нахустваир ба истеъфо рафта ва курсии ӯро Умар Галаванҷӣ ишғол кардааст.

Риёз Ҳиҷоб моҳи июн, баъд аз интихоботи парлумонии ахир, нахуствазири Сурия таъин шуда буд. Мухолифини ҳукумати Сурия он маъракаи интихоботиро ғайриқонунӣ хонда буданд.
XS
SM
MD
LG