Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Сурия ба Урдун фирор кард


Риёз Ҳиҷоб
Риёз Ҳиҷоб
Мақомоти Сурия хабар доданд, ки нахуствазир Риёз Ҳиҷоб ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш ба Урдун фирор кардааст. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки Ҳиҷоб ба истеъфо рафта ва курсии ӯро Умар Галаванҷӣ ишғол кардааст.

Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, хабар дод, ки нахуствазири пешин ба ҷониби мухолифин гузаштааст. Аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.

Риёз Ҳиҷоб моҳи июн, баъд аз интихоботи парлумонии ахир, нахуствазири Сурия таъин шуда буд. Мухолифини ҳукумати Сурия он маъракаи интихоботиро ғайриқонунӣ хонда буданд.
XS
SM
MD
LG