Бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии НАТО дар шарқи Афғонистон яке аз фармондеҳони бонуфузи шабакаи Ҳаққонӣ Шермуҳаммад Ҳакимӣ кушта шуд.
Ба иттилои ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, дар амалиёте, ки шоми якшанбе дар вилояти Лугар доир шуд, се ҷангҷӯи дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Ҳакимӣ ба ташкили ҳамлаҳои ғофилгирона ва тамрини ҷангҷӯён машғул буд.
Шабакаи Ҳаққонии мустақар дар Покистон бо ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” робита дорад. ИМА ин шабакаро яке аз хатарбортарин гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа мехонад.