Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бинои телевизиони давлатии Сурия таркиш рӯй дод


Имрӯз дар бинои телевизиони давлатии Сурия дар шаҳри Димишқ таркиш рӯх дод. Теъдоди қурбониёну осебдидагон то ҳол мушаххас нашудааст. Ба иттилои худи телевизиони Сурия, ки баъд аз таркиш пахши барномаҳояш қатъ нашудааст, бомб дар ошёнаи сеюм мунфиҷир шуд. Дар ин ошёна дафтарҳои кори раҳбарони телевизион ҷойгиранд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Дар Димишқ чанд ҳафта даргириҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома доштанд. Ахиран вазорати дифои Сурия эълом дошт, ки дастаҳои мухолифин аз пойтахт берун карда шуданд. Аз шаҳри Ҳалаб ҳам дар бораи задухӯрдҳои нав хабар мерасад.

Шабонарӯзи гузашта, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар кишвар беш аз 130 нафар, аз ҷумла, 79 сокини осоишта кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG