Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 1 миллион сомонӣ зиёни амалиёти Хоруғ


Танҳо барои барқарор кардани биноҳои осебдида дар пайи амалиёти Хоруғ беш аз 1 миллион сомонӣ зарур будааст.

Бар асари амалиёти рӯзи 24-уми июл дар Хоруғ ба беш аз 500 манзили маскунӣ ва идораву муассисаҳо ба маблағи 1 миллиону 118 ҳазор сомонӣ зиён расидааст. Аз ин ҳисоб, ширкати “Помир Энержӣ” 300 ҳазор, идораи роҳсозӣ 75 ҳазор, идораи фарҳанги маркази вилояти Бадахшон 35 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд.

Дар ин бора Соҳибназар Холиқназаров, муовини раиси комиссияи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Хоруғ, хабар дода ва гуфт, ба ин ҳисоби онҳо молу ҷиҳози талафёфтаи сокинон шомил нашудааст. Дар ҳоле ки коршиносони маҳаллӣ дар маҷмӯъ хисороти расидаи амалиёти рӯзи 24-уми июл дар Хоруғро беш аз даҳ миллион сомонӣ мешуморанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, онҳо дар қадами аввал бинову идораҳои зарардидаро барқарор ва дар марҳилаи дувум ба дунболи ҳисобу китоби молу ҷиҳози талафёфтаи сокинон хоҳанд шуд.

Баъд аз қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21-уми июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳамчунин 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.

Манбаи Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, ин амалиёт ҳамчунин ҷони 21 сокини ин шаҳрро низ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG