Рӯзи якшанбе вазири корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, ки зоҳиран баъзе мансабдорони ҳукумати Афғонистон як раҳбари воломақоми Толибони Покистонро дастгирӣ мекунанд. Ба гуфти мансабдорони покистонӣ фармондеҳи Толибони Покистон бо номи Фазлуллоҳ ҳамлаҳо болои нерӯҳои амниятии Покистонро аз хоки Афғонистон тарҳрезиву сарварӣ мекунад.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори Рейтерс рӯзи якшанбе Малик гуфт:
“Ба фикрам баъзе унсурҳои ҳукумати Афғонистон пуштибони Толибон ҳастанд. Ман наметавонам гӯям, ки ин ниҳодҳи иктишоф аст. Онҳо метавонанд дар саҳти давлат бошанд ва микон дорад, ки дар сатҳи давлат набошанд.”
Тахмин мешавад, ки чанд сол пеш баъди ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ Фазлуллоҳ аз пойгоҳи асосиаш дар водии Сувот ба Афғонистон фирор кардааст.